Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон хостори истиқрори посдорони сулҳи СММ дар шарқи Украина шуд


Сигмар Габриел аз чап ва Павло Климкин аз рост
Сигмар Габриел аз чап ва Павло Климкин аз рост

Вазири хориҷаи Олмон пешниҳод кард, ки дар остонаи интихоботи президентии моҳи марти Русия дар шарқи Украина ҳайати посдорони сулҳи СММ истиқрор шавад. Сигмар Габриел баъди сӯҳбат бо вазири хориҷаи Украина Павло Климкин дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Киев рӯзи 3 январ гуфт, ки истиқрори чунин нирӯҳо ба хотири таъмини амният ва тамомияти арзии Украина хеле муҳим хоҳад буд. Вай гуфт:

“Истиқрори ҳайати посдорони сулҳи мусаллаҳ, ки битавонад оташбасро дар тамоми шарқи Украина таъмин кунад, як роҳҳали оқилона буда метавонад. Вале он набояд ба шакли нирӯҳои муҳофизи сулҳе бошад, ки Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар он ҷо мустақар кардааст, чунки масъулияти он танҳо бо назорати хати байни ҷудоиталабон ва нирӯҳои рӯ ба ҳукумат маҳдуд мешавад. Ин хат дар асл ба як хати марз табдил шудааст, вале мо инро намехоҳем. Ба ҳамин сабаб ҳам мову дӯстони фаронсавиамон ва дигар аъзои шӯрои амнияти СММ мехоҳем, ки ин мавзӯъро бо ҳукумати Русия баррасӣ карда бар асоси шароити оқилона онҳоро истиқрор кунем”.

Вазири хориҷаи Олмон гуфт, ки ин ҳайат тавони назорат ва таъмини сулҳ дар тамоми қаламравҳои шарқии Украинаро хоҳад дошт. Президенти Русия Владимир Путин, ки интизор меравад, дар интихоботи рӯзи 18 март пирӯз хоҳад шуд, дар гузашта гуфтааст, ки бо истиқрори ҳайати посдорони сулҳи СММ танҳо дар хати ҷанги баёни украиниҳову ҷудоиталабон розӣ мешавад. Бовар меравад, ки ҷудоиталабон аз ҷониби Русия пуштибонӣ мешаванд. Кремл инчунин гуфтааст, ки мухолифи истиқрори нирӯҳои посдори сулҳи СММ дар хати марзи Русия ва Украина ва зери назари Киев мебошад. Вале Украинаву муттафиқони ғарбиаш мухолифи ин ҳастанд, ки посдорони СММ нақши маҳдуд дошта бошанд ва мехоҳанд, ки ба ин нирӯҳо ба хотири назорати бештар аз вазъи амниятӣ салоҳияти бештар дода шавад. Аз замони шурӯи даргириҳо дар шарқи Украина дар соили 2014 то имрӯз 10.300 нафар кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG