Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Times: Тарҳи бунёди мушаки болдори хурд дар ИМА тасдиқ шуд


Мушаки болдор

Тарҳе бунёди мушаки болдори заминӣ, ки дар Амрико тасдиқ шуд, метавонад қарордоди Амрико ва Иттиҳоди Шӯравӣ, дар бораи маҳви мушакҳои миёна ва дурпарвозро нақз кунад. Дар ин бора маҷаллаи Times рӯзи 3 январ гузориш дод.

Мушаки болдори Амрикоӣ, биноба мавқеи Вашингтон, посух ба ворид шудани навъи мушакҳои ҷадид ба таслиҳоти Русия аст. Қаблан, вақте Русия коркарди мушаки навъи "Новатор"-ро рӯи даст гирифт, маъмурияти президент Обама талош кард Маскавро мутақоид созад, ки ин тарҳ ба қарордоди қадимӣ мухолифат мекунад.

Маъмурияти президент Трам дар оғоз барои сохтани мушаки амрикоӣ маблағи рамзии 25 миллион долларро тахсис дод, навиштааст Times. Тарҳи бунёди мушаки Амрико хилофи қарор дод нест, танҳо татбиқи воқеии он муғоир ба созиш аст. ИМА қавл додааст, ки дар сурати даст кашидани Маскав аз тарҳи мушаки нав, Амрико ҳам барномаи худро канор мегузорад.

Санади байни СССР ва Амрико моҳи декабри соли 1987 имзо шуд ва тавлиди мушакҳои болдори дур ва миёнапарвоз дар фосилаи аз 500 то 5500километрро мамнӯъ мекунад. Тибқи қарордод, ин навъи мушакҳо дар таслиҳоди ИМА ва СССР бояд маҳв мешуданд.

Видеоҳои охирин

Ҳаёҳуи мухлисони дастаи Эрон дар Қазон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG