Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ва Аврупо Эронро ба худдорӣ аз хушунат даъват карданд.


Тазоҳурот дар Теҳрон
Тазоҳурот дар Теҳрон

Иттиҳоди Аврупо аз мақомоти Эрон талаб кард, ки ба озодии ақида ва гирдиҳамоӣ арҷ гузорад. Федерика Могеринӣ, роҳбари олии ИА дар умури сиёсати хориҷӣ аз ҷонибҳои даргири Эрон хост, даст аз хушунат боздоранд.

Дар ҳамин ҳол, Вашингтон рӯзи гузашта талаб кард, ки дар робита ба густариши хушунат дар Эрон, ҷаласаи фаврии Шӯрои амнияти СММ баргузор шавад. Шӯрои ҳуқуқи башари Женева низ бояд дар робита ба қатли эътирозгарон дар Эрон изҳори назар кунад, мегӯяд намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ.

Ҳейлӣ рӯзи сешанбе дар СММ аз ҷасорати эътирозгарони Эрон ситоиш кард ва афзуд, ки гирдиҳамоиҳо дар саросари ин кишвар ба таври худҷӯш сар зада, дахолати хориҷӣ дар онҳо дида намешавад. Пештар аз ин роҳбари маънавии Эрон Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ гуфт, душманони Эрон муттаҳид шуда, мехоҳанд, ба ҳукумати кишвар зиён бирасонанд.

Телевизиони давлатии Эрон хабар дод, ки шаби 2 январ дар натиҷаи эътирозҳо 9 нафар ҷон бохтанд. Ба ин тартиб, бар пояи иттилои расмӣ, дар натиҷаи тазоҳурот дасти кам 20 нафар, бо шумули як ходими пулис кушта шуд. Дар Теҳрон аз рӯзи шанбе ба ин сӯ беш аз 450 нафар боздошт шуд. Чунин боздоштҳо дар шаҳрҳои дигар низ ҷараён гирифтанд. Дар ибтидо мардум ба хотири гароншавии маҳсулот ба кӯчаҳо рехтанд, аммо баъдтар эътирозҳо муҳтавои сиёсӣ касб кард.

XS
SM
MD
LG