Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони қирғиз "хизматҳо"-и Отамбоев ба озодии баёнро "қадр" карданд


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев
Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев

Кумитаи ҳифзи озодии баёни Қирғизистон аз як соли охир натиҷагирӣ ва ба бархе аз намояндагони ҳукумат мукофотҳои истеҳзоомез тақдим кард. Маросими "ҷоизасупорӣ" рӯзи 26 декабр баргузор шуд.

Одил Турдуқулов, узви кумита гуфт, президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ҷоизаи "Баромадан аз доираи озодии баён"-ро гирифт.

Ба раиси КДАМ Абдил Сагизбоев ва раиси Додгоҳи олӣ Айнаш Токбоев ҷоизаҳои "Таъқиби озодандешон" ва "Додгоҳи кисагӣ" тақдим гашт.

"Мо тасмим гирифтем, ки ин афродро ба хотири эҷоди монеа дар бахши озодии баён ва ҳабси сиёсатмадорон ҷоиза диҳем", - шарҳ дод Одил Турдуқулов.

Кумитаи ҳифзи озодии баён сар аз соли 2016 ба онҳое, ки дар рушди озодии баён саҳм мегузоранд ва ҳам ба онҳое, ки озодии баёнро маҳдуд мекунанд, ҷоиза медиҳад. Кумита мегӯяд, дар даврони роҳбарии Отамбоев наздики 30 сиёсатмадор таъқиб шуда, инчунин рӯзноманигорон зери фишор будаанд ва ҷаримаҳои чандмиллионӣ пардохтанд. Аммо мақомот инро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG