Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари пешини корхонаи қаннодӣ як нафарро кушт ва ғайб зад


Кормандони пулис дар назди корхонаи қаннодии "Меншевик". 27 декабри соли 2017
Кормандони пулис дар назди корхонаи қаннодии "Меншевик". 27 декабри соли 2017

Раҳбари пешини корхонаи қаннодии "Меншевик" дар Маскав Иля Авреянов баъди тирпаронӣ дар қаламрави корхона ва куштани як муҳофиз аз ҷойи ҳодиса ғайб зад ва дар ҷустуҷӯ эълон шуд. Дар ин бора хабаргузории "Интерфакс" рӯзи 27 декабр гузориш дод.

Сарбозони "Росгвардия" Аверяновро чанд соат ҷустуҷӯ карданд. Дар шаҳр амалиёти "Сирена" эълон шуд, ки маъмулан ҳангоми ҷустуҷӯӣ ҷиняткорони хатарнок истифода мешавад.

Иля Аверянов рӯзи 27 декабр дар ҳудуди корхонаи "Меншевик"-и Маскав аз камон тир кушод. Ба гуфтаи хабаргузории "Интерфакс" тирпарронӣ дар пайи муноқишаи соҳибони корхона сар зад.

Радиои Besiness.FM тавонист бо Аверянов дар тамос шавад. Аверянов тасдиқ кард, ки ба суи як нафар тир кушод ва иддао кард, ки он нафар дар ғасби корхонаи ӯ иштирок кардааст. "Маро касод карданд",- гуфт Иля Аверянов.

Вакили Аверянов гуфт, ки дар вақти ҳодиса дар қаламрави корхона буд ва зерҳимояаш аз худ дифоъ мекард.

Маълумот дар бораи тирпарронӣ дар "Меншевик" субҳи чаҳоршанбе пахш шуд. Хабаргузориҳо аз марги як нафар, захмӣ шудани се тани дигар ва гаравгонгирӣ хабар доданд. Аммо Кумитаи тафтишот танҳо ҳалокати як нафарро тасдиқ кард.

XS
SM
MD
LG