Пайвандҳои дастрасӣ

Самоягузорони хориҷӣ пулҳои худро аз Русия берун мебаранд


Дар охирин рӯзҳои соли 2017, бисёр сармоягузорони хориҷӣ бо ин нигаронӣ, ки таҳримҳои нави Амрико алайҳи Маскав дар соли оянда бештар олигархҳо ва ширкатҳои наздик ба ҳукуматро ҳадаф қарор медиҳад, саромояҳои худро аз Русия берун мебаранд. Дар ин бора матбуот рӯзи чоршанбе хабар дод.

Бар хилофи соли 2017, ки бизнеси хориҷӣ бо умеди нармиши равобити Вашингтон ва Маскав дар маъмурияти президент Доналд Трамп, рӯ ба Русия оварданд, акнун бозори ҷаҳон аз ин кишвар канор меравад.

Нашрияи "Коммерсант" менависад, ки Bank of America Merill Lynch - ширкати машҳури Wall Street, хисороти Русияро аз фирори сармоягузории хориҷӣ қариб 1 миллиард доллар пешгӯӣ мекунад.

Биноба пешгӯии Wall Street, таҳримҳои Ийолоти Муттаҳида алайҳи Русия эҳтимол ҳолати соли 2014-ро ба миён биёрад, ки рубли русиро дар тӯли 10 рӯз то 30 дар сад беқурб кард.

Герман Греф, раиси "Сбербанки Русия дар сӯҳбат бо нашрияи Financial Times ин эҳтимолро, ки Ийолоти Муттаҳида алайҳи олигархҳои Русия ва ширкатҳои наздик ба ҳукумат таҳримҳои шадид ҷорӣ мекунад, ночиз медонад.

Греф дар сӯҳбат бо нашрияи "Moscow Times" гуфтааст, ки дар сурати ҷорӣ шудани ингуна таҳримҳо "Ҷанги Сад ба бозии кӯдакона монанд хоҳад шуд".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG