Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобулу Исломобод Толибонро ба музокироти сулҳ даъват карданд


Вазирони хориҷаи Афғонистон Чин ва Покистон дар мулоқоти рӯзи 26 декабр дар Пекин
Вазирони хориҷаи Афғонистон Чин ва Покистон дар мулоқоти рӯзи 26 декабр дар Пекин

Вазирони хориҷаи Покистон ва Афғонистон бо пахши муроҷиати муштарак ба ҷангиёни Толибон аз онҳо даъват кардаанд, ки дар як музокироти сулҳ, ки аз ҷониби Чин ва ба хотири миёнҷигӣ дар байни Кобулу Исломобод ташкил шудааст, иштирок кунанд. Ин даъват баъди он садо дод, ки вазири хориҷаи Покистон Хаваҷа Муҳаммад Осиф ва иҷрокунандаи вазифаи вазири хориҷаи Афғонистон Салоҳуддини Раббонӣ дар Пекин рӯзи 26 декабр бо вазири хориҷаи ин кишвар Вайн Йӣ музокирот карданд.

Дар муроҷиати се ҳукумат Толибон ба “роҳандозии ҷараёни васеъ ва сулҳовари музокирот” даъват шудааст. Вазирон аз Толибон хостаанд, ки аз рӯзҳои аввали музокироти сулҳ ба ин ҷараён ҳамроҳ шаванд. Вазирон инчунин гуфтанд, ки мехоҳанд дар оянда дар заминаи мубориза бо терроризм ҳамкорӣ карда, “нагузоранд, ки қаламрави кишвари онҳо барои фаъолиятҳои террористӣ алайҳи кишварҳои дигар” истифода шавад.

Мақомоти Афғонистон Покистонро барои паноҳгоҳ додан ба Толибон баъди саркӯби ҳукумати онҳо дар Афғонистон соли 2001 гунаҳгор мекунанд. Сухангӯи вазири хориҷаи Чин гуфт, ки баъди созиши таъсиси як ҳамоиши сегона дар моҳи июн, ин барои аввалин бор аст, ки мақомоти се кишвари ҳамсоя барои баррасии раванди сулҳ ва ҳамкориҳо ҷамъ меоянд.

XS
SM
MD
LG