ИМА аз коҳиши буҷаи асосии СММ барои солҳои молиявии 2018-19 истиқбол кард ва онро "қадами бузурге дар масири дуруст" номид. Буҷаи СММ дар ҳаҷми 285 миллион доллар коҳиш ёфт.
24 декабр Маҷмааи умумии СММ буҷаи 5,396 миллиард доллариро барои ду соли оянда қабул кард. Ин миқдор маблағ дар қиёс ба буҷаи солҳои 2016-17 285 миллион доллар кам аст.
ИМА мисли пешин яке аз кумаккунандагони асосии СММ аст ва 22 дарсади буҷаи асосии СММ таъмин мекунад.
"Бар иловаи сарфаи маблағ мо ҳамчунин шумори ҷойҳои кориро кам кардем, пуштибонии авлавиятҳои калидии ИМА-ро дар саросари ҷаҳон тақвият додем ва фаъолияти СММ беҳ сохтем", - гуфт намояндаи доимии ИМА дар СММ Никки Ҳейлӣ.
Вай афзуд, ки "камтаъсирӣ ва сарфи аз ҳад зиёд" дар созмони милал "маълум аст". "Мо дигар иҷозат намедиҳем, ки аз дасткушодии амрикоиҳо сӯиистифода шавад ё бе назорат монад", - афзуд вай.