Пайвандҳои дастрасӣ

Зодаи Қазоқистон бо ҷурми пуштибонӣ аз ДИИШ дар Амрико зиндонӣ шуд


Мурофиаи додгоҳии Аҳрор Саидаҳмадов дар Ню Йорк

Додгоҳе дар шаҳри Ню-Йорк шаҳрванди Қазоқистон Аҳрор Саидаҳматовро бо ҷурми ҳамдастӣ бо созмони тундгарои "Давлати Исломӣ" зиндонӣ кард.

Рӯзи 20 декабр дар ҷаласаи додгоҳи федеролии Бруклин додгустар Уилям Кунтс Саидаҳматовро мурим эълон кард ва ӯро ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум намуд. Бар асоси ҳукм, Саидаҳматов баъди адои ҷазо аз ИМА ихроҷ хоҳад шуд.

Ин шаҳрванди Қазоқистонв дар талоши "рафтан ба Сурия бо ҳадафи пайвастан ба ДИИШ" айбдор шудааст. Ба гуфтаи додситонӣ, дар сурати муваффақ нашудан ба сафари Сурия, Саидаҳматовро барнома дошт ки "ба кормандони интизомии ИМА ҳамла кунад".

Саидаҳматови 22-сола моҳи феврали соли 2015 дар фурудгоҳи байналмилалии Ҷон Кеннедӣ ҳангоми ворид шудан ба ҳавопаймои самти Истамбули Туркия боздошт шуд. Ӯ то он замон барои харҷҳояш аз гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" маблағ дарёфт карда буд. Дар ибтидо Саидаҳматов айбҳои эълоншударо рад мекард, вале баъдтар ба гуноҳаш иқрор шуд.

Аз рӯи ин парванда ду зодаи Узбакистон низ ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Видеоҳои охирин

Як автобуси ҳомили муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон дармонд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG