Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макрон гуфт, ки дар музокироти сулҳ Асад бояд сарфи назар нашавад


Эммануел Макрон

Раиси ҷумҳури Фаронса Эммануел Макрон гуфт,ки маъракаи низомӣ алайҳи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" дар Сурия бояд то моҳи феврал ба охир бирасад. Изҳороти Макрон рӯзи 17 декабр, чанд ҳафта баъд аз эълони суқути ДИИШ дар Ироқ, пахш шуд.

"Рӯзи 9 декабр нахуствазири Ироқ Ҳайдар ал Ибодӣ хотимаи ҷанг ва пирӯзӣ бар ДИИШ-ро эълон кард, ба назари ман дар ҷанги Сурия мо миёнаҳои моҳи феврал пирӯз мешавем",- гуфт Макрон дар як сӯҳбати телевизионӣ.

Ӯ дар сӯҳбат бо шабакаи France 2 гуфт, ки Порис акнун бар сари музокироти сулҳ бо иштироки тамоми тарафҳои ҷанги шашасолаи Сурия пофишорӣ хоҳад кард. Ӯ нагуфт, ки гуфтушуниди зикршуда чигуна бо музокироте, ки ҳоло ҷараён дорад канор меоянд.

Макрон гуфт, ҳеҷ музокироти сулҳ набояд аз президент Башор Асад сарфи назар кунад ва афзӯд, ки Асад барои амалкардҳояш рӯзе посух хоҳад дод.

"Мо бояд бо ҳама гуфтугӯ кунем. Мо бояд бо Башор Асад ва намояндагони ӯ гуфтугӯ кунем",- гуфт Макрон ва афзӯд, "баъдан ӯ барои ҷиноятҳояш дар назди мардуми Сурия посух хоҳад дод".

Дар тӯли ҷанги шаҳрвандии шашсола дар Сурия ҳудуди 400 ҳазор инсон кушта ва миллионҳо нафар бехонумон шуд.

Дар ин ҷанг Русия ва Эрон аз Асад, эътилофи таҳти назари ИМА, бо шумули Фаронса аз нерӯҳои зиддиҳукумтӣ ва Туркия шӯришгарони дигар пуштибонӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

Ҳаёҳуи мухлисони дастаи Эрон дар Қазон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:17 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG