Данэлия Тулешоваи даҳсола аз шаҳри Алматои Қазоқистон дар Украина ғолиби озмуни маъруфи телевизионии "Садо" шуд.
Дар финал ё қисмати ниҳоии озмун Данэлия суруди "Не твоя вiйна"-и гуруҳи "Уқёнси Элза"-ро иҷро кард ва дар натиҷаи раъйдиҳии бинандагон ҷои аввалро бадаст овард.
Расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки Тулешова соҳиби унвони "садои кӯдаконаи кишвар" ва ҷоизаи сафар ба Diseyland Paris шудааст. Ҳунарманди дигари қазоқ Димаш Кудайберген пештар аз истеъдоди Тулешова истиқбол карда буд.