Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди муҳоҷирон ба Олмон кам шудааст


Муҳоҷирон дар Олмон
Муҳоҷирон дар Олмон

Вазири умури дохилии Олмон, Томас де Мезйер гуфтааст, ки мумкин аст, имсол ба кишвар камтар аз 200 ҳазор муҳоҷир ворид шавад, ки дар муқоиса ба соли 2016 камтар аст.

Соли гузашта Олмон 280 ҳазор паноҳҷӯро қабул кардааст. Томас де Мезйер дар мусоҳиба бо рӯзномаи Билд эм Зонгтаг, ки рӯзи 17-уми декабр нашр шуд, гуфтааст, ки то охири моҳи ноябр Олмон 173 ҳазор муҳоҷирро қабул кардааст.

Соли 2015 ба Олмон 890 ҳазор муҳоҷир ва паноҳанда ва аксаран аз Сурияву Афғонистон ворид шуданд. Сели муҳоҷирон ба Олмон, сабаби интиқоди сиёсатҳои Ангела Меркел, садри аъзами Олмон шуд, ки ба гуфтаи мунтақидон мардуми зиёдеро ба кишвар роҳ додааст.

Ба гуфтаи коршиносон, бастани роҳи Балкан ва созишномаи Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия барои гирифтани пеши роҳи муҳоҷирон аз сабабҳои кам шудани теъдоди паноҳҷӯён дар Олмон шудааст.

XS
SM
MD
LG