Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки 3 нафарро бо иттиҳоми шикори ғайриқонунии ширмоҳӣ дастгир кардаанд.
Дафтари матбуоти вазорат бо нашри баёния дар вебсайти вазорат навишт, ки ду сокини ноҳияи Ҳисор ва як сокини Душанберо рӯзи 15-уми декабр ҳангоми моҳигирӣ дар дарёи Кофарниҳон дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ дастгир кардаанд.
Ба гуфтаи вазорат, ин се нафар бо истифода аз асбобҳои барқӣ бештар аз 1000 ширмоҳӣ шикор кардаанд, ки қимати онҳо ба 52 ҳазор сомонӣ, ё 6 ҳазор доллар мерасад.
Нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Барои чунин қонуншиканӣ дар Тоҷикистон ҷарима муқаррар шудааст.