Раиси ҷумҳурии Русия Владимир Путин бо як сафари пешгӯинашаванда ба Сурия рафт ва аз пойгоҳи низомии Ҳмеймим, макони истиқрори нерӯҳои Русия боздид ба амал овард. Путин ба низомиёни Русия амр дод, ки хуруҷи нерӯҳо аз ин кишварро оғоз кунанд. Дар ин бора хабаргузориҳои русӣ гузориш доданд. Путин гуфт:
"Ман ба вазири дифоъ ва раҳбари ситоди умумӣ фармон медиҳам, ки нерӯҳои Русияро берун оваранд ва ба макони истиқрори доимияшон баргардонанд", - менависад хабаргузории РИА Новости аз қавли Владимир Путин.
Дар гузоришҳо омадааст, ки Путин дар Ҳмеймим ҳамчунин бо президенти Сурия Башор Асад мулоқот кардааст.
Дар ҷанги шашсолаи шаҳрвандӣ, ки садҳо ҳазорро кушта бар ҷой гузошт, Русия президент Асадро аз пуштибонии қавии низомӣ бархурдор кард. Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Сурияро моҳи сентябри соли 2015 оғоз намуд ва Асадро аз шӯришгарон халос кард. Ин амалиёт ба ӯ имкон дод, ки ҷараёни низоъро ба фоидаи худ тоб диҳад.
Моҳи марти соли 2016, Путин амр дод, ки хуруҷи бахши аслии нерӯҳо аз Сурия оғоз шавад, аммо аломатҳои берун рафтани нерӯҳои Русия аз ин кишвари ҷангзадаи Ховари Миёна зиёд мушоҳида нашуд.