Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатар аз Бритониё 24 ҳавопаймои ҷангии "Typhoon" мехарад


Нахустин ҳавопаймои Қатар дар Наҷаф нишаст.
Нахустин ҳавопаймои Қатар дар Наҷаф нишаст.

Қатар барои харидории 24 ҳавопаймои ҷангии "Typhoon" аз ширкати ҳавонавардии Бритониё қарордод имзо кард, ки як бахши созиши 8-миллиарддолларӣ бо истеҳсолкунандаҳои аврупоӣ ба шумор меояд.

Созишро вазири дифои Бритониё Гевин Уилямсон рӯзи 10-уми декабр дар ҳоле эълон кард, ки Қатар даргири даъвоҳои сиёсӣ бо эътилофи арабии таҳти раҳбарии Саудӣ аст.

Арабистони Саудӣ ва чанд кишвари арабӣ, бо шумули Имороти Муттаҳидаи Араб, Миср ва Баҳрайн равобити дипломатиро бо Қатар қатъ карданд ва ин кишвари хурди Халиҷи Форсро ба пуштибонии терроризм ва доштани равобити наздик бо Эрон муттаҳам карданд.

Қатар, ки ҳамчун Арабистони Саудӣ аз шарикони наздики Амрико аст, иттиҳомро рад мекунад.

Созишномаи низомӣ, инчунин, харидории мушакҳои "Бримстон", "Мэтеор" ва бомбаҳои идорашавандаро дар бар мегирад, ки дар Бритониё истеҳсол мешаванд.

Ширкати истеҳсолкунандаи "Typhoon" мегӯяд, ки қарордод бо шумули тамрин ва кумак - 6,7 миллиард доллар қимат дорад.

XS
SM
MD
LG