Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон калиди тиллоӣ ва унвони шаҳрванди фахрии Аммонро гирифт


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, калиди тиллоӣ ва унвони шаҳрванди фахрии Аммони Шоҳигарии Ҳошимии Урдунро гирифт. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ин унвон рӯзи 9-уми декабр ҳангоми сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Урдун дар пойтахти он кишвар аз тарафи Юсуф Шаварбеҳ тақдим шуд.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Урдун соли 2012 барқарор шуд. То ба ҳол дар бораи додугирифти ду кишвар ҳарфи зиёде гуфта нашудааст.

Дар вебсайти расмии президенти Тоҷикистон низ дар бораи равобити Тоҷикистону Урдун маълумоти зиёде нест. Танҳо дар чанд бахши он мулоқоти раиси ҷумҳур бо маликаи Урдун дар Пуғуси ноҳияи Варзоб ва ду барқияи таслияташ ба Абдуллоҳи дувум дида мешавад.

Тоҷикистон соли 2016 Зубайдуллоҳ Зубайдовро сафири худ дар он кишвар таъин кард ва ин нахустин сафари расмии раиси ҷумҳур ба Шоҳигарии Ҳошимии Урдун аст. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон гуфт, ки ин сафар рӯзи 9-уми декабр аз мулоқот бо мақомоти шаҳрдории Аммон, пойтахти Урдун, шуруъ шуд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронӣ дар ҳузури мақомоти Аммон гуфтааст, "мо омода ҳастем, ки якҷо бо ҷониби Урдун барои рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои судманди байни кишварҳоямон дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳ кӯшишҳои пайваста ба харҷ диҳем."

Баъзе аз расонаҳои Урдун навиштанд, ки қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳ Абдуллоҳи дувум мулоқот карда, масоили байналмилаливу минтақаиро баҳс кунад. Дар ҳамин ҳол, бархе аз коршиносон мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд дар ин сафар бештар масоили иқтисодӣ ва ҷалби сармоя ба тарҳҳои Тоҷикистон баррасӣ хоҳад шуд. Як ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, «солҳои ахир раиси ҷумҳур бештар ба кишварҳои арабӣ меравад. Аз натиҷаи онҳо маълум аст, ки ҳадаф якест – муаррифии бештари кишвар, даъвати сайёҳон ва ҷалби сармоя ба иқтисоди Тоҷикистон.»

Тайи тақрибан се соли ахир раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар ва Кувайт сафар карда, мавзӯи ҷалби сармоя барои бахшҳои энержӣ, нақлиёт, бунёди роҳу пул, нақб ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро матраҳ кардааст.

XS
SM
MD
LG