Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Аргентина ба хиёнат муттаҳам шуд


Президенти пешини Аргентина Кристина де Киршнер
Президенти пешини Аргентина Кристина де Киршнер

Рузи панҷшанбе додгоҳи Аргентина аз Сенати ин кишвар хост, ки масунияти яке аз сентаорҳо - раиси ҷумҳури пешин Кристина де Киршнерро бекор кунад ва барои боздошти ӯ бо иттиҳоми хиёнат шароит фароҳам оварад. Президенти пешин барои пинҳон кардани нақши Эрон дар тарҳрезии инфиҷори маркази яҳудиҳо дар Буэнос-Аэрос, соли 1994, ба хиёнат муттаҳам шудааст.

Додгоҳ ҳамчунин пешниҳод кард, ки дороиҳои Кристина де Киршнер ба маблағи 3 миллион доллар, таҳти боздошт қарор бигирад.

Ба гуфтаи тафтишот, Кристина де Киршнер замони раёсаташ бо намояндагони Эрон созиш кард ва маълумоти марбут ба таркишро пинҳон нигаҳ дошт. Дар ивази сукути ӯ Эрон гӯё созиши бисёр муфид - содироти нафт ба ивази гандумро ваъда дод.

Де Киршнер аз соли 2007 то 2015 раиси ҷуҳмури Аргентина буд ва рӯзи якшанбе бояд ба сифати сенатор ба фаъолият оғоз мекард. Ӯ ҳамчунин дар содир кардани як қатор ҷиноятҳои марбут ба фасод муттаҳам мешавад. Президенти пешин дар гирдиҳамои Буэнос-Аэрос худро қурбонии таъқиби сиёсӣ эълон кард.

Инфиҷори маркази яҳудиҳо ба ҳодисаи пурсарусадои ҳалокати додситон Алберт Нисман, соли 2015, робита дорад. Ҷасади Нисман чанд соат пеш аз эълони далелҳои созиши пинҳонии де Киршнер бо Эрон ошкор шуд. Моҳи сентябри соли равон табибони колбадшикоф ба натиҷае расиданд, ки додситон кушта шудааст. Камиссиюн пешин дар аҳди Киршнер, сабаби марги додситонро "худкушӣ" гуфта буд.

Додгоҳ дархости лағви масунияти де Киршнерро бо ин тавҷеҳ кард, ки агар ӯ дар озодӣ боқӣ бимонад ба раванди тафтиш ва барқарор кардани воқеият халал мерасонад.

XS
SM
MD
LG