Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP хулосаи пулисро дар бораи марги Лесин дарёфт кард


Владимир Путин ва Михаил Лесин
Владимир Путин ва Михаил Лесин

Нашрияи Washington Post хулосаи пулиси Амрико дар бораи марги вазири пешини матбуоти Русия Михаил Лесинро дастрас кард. Ҷасади Лесинро моҳи ноябри соли 2015 дар яке аз меҳмонхонаҳои Вашингтон пайдо карданд. Бинобар ин санад, ки нашрия онро рӯзи 4-уми декабр пахш кард, Лесин дар се рӯзи ахири пеш аз маргаш аз шароб истифода карда буд.

Ин санад бисёр ҷузъиёт, аз ҷумла натиҷаи омӯзиши ҷасад ва нишондоди шоҳидонро аз матн берун кардааст. "Аз ин рӯ, маълум нест, чаро мақомот ба чунин натиҷа расиданд, ки марги Лесин паёмади як ҳодисаи нохуш буд",- мегӯянд хабарнигорони нашрия.

Дар санад омадааст, ки Лесин нӯшокиҳои спиртии мавҷуд дар мини-бари ҳуҷраашро нӯшида, аз берун ҳам шароб меовард. Посбонҳои меҳмонхона борҳо ӯро дар ҳоли мастӣ то ҳуҷрааш бурданд. Як рӯз пеш аз марг меҳмондорон аз Лесин пурсиданд, ки ӯ ба кумаки тиббӣ ниёз дорад ё хайр. "Нет", - ба русӣ посух додааст Лесин.

Парвандаи марги Михаил Лесинро моҳи октябри соли 2016 пӯшиданд. Муфаттишон ба хулосае омаданд, ки Лесин дар натиҷаи якчанд дафъа афтидан дар ҳуҷра аз сараш зарб хӯрд.

Михаил Лесин то соли 2004 вазири матбуот, телевизион ва ВАО-и Русия буд. Ӯ баъдан дар мақоми мушовири раиси ҷумҳур ва раиси идораи ҳолдинги "Газпром-медиа" фаъолият кард.

XS
SM
MD
LG