Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот: президенти пешини Яман Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ кушта шуд


Раиси ҷумҳури пешини Яман Алӣ Абдулло Солеҳ
Раиси ҷумҳури пешини Яман Алӣ Абдулло Солеҳ

Вазорати дохилии таҳти назорати шӯришгарони гуфт, раиси ҷумҳури пешин - Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, шарики шӯришгарони Ҳусӣ, ки баъдан аз онҳо бурид, ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 4 декабр изҳорот дар бораи ҳалокати Солеҳ дар шакли видео нашр шуд, ки дар он зоҳиран ҷасади президенти пешин наворгирӣ шуда буд.

"Вазорати дохилӣ аз поёни бӯҳрони шибҳанизомиён, кушта шудани раҳбари онҳо, бо як теъдод ҷиняткорони тарафдораш хабар медиҳад",- гуфт наттоқи телевизиони Ал-Масираҳ бо ишора ба тарафдорони мусаллаҳи Солеҳ.

Нашрияи Ал-Арабия ва хабаргузории Reuters бо такя ба манобеи ҳизби сиёсии Алӣ Абдулло Солеҳ -Кунгураи умумии мардумӣ гуфтанд, ки президенти пешин рӯзи 4 декабр кушта шуд.

Ҳизби Солеҳ пештар ҳалокати ӯро рад кард ва гуфт, ки ӯ дар ҷабҳаи ҷанги Санъо фармондеҳӣ мекунад.

Марги Солеҳ ҳоло расман тасдиқ нашудааст.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ рӯзи 2 декабр эътилоф бо Ҳусиҳоро, ки Эрон аз онҳо пуштибонӣ мекунад, қатъ кард. Ӯ ҳудуди се сол якҷо бо ин қавм муштаракан Санъоро идора мекард.

Алӣ Абдуллоҳ Солеҳи 75-сола, то замони сарнагун шуданаш дар эътирозҳои саросарии соли 2012, се даҳсола раҳбари Яман буд.

Субҳи 4 декабр нерӯҳои Ҳусиҳо хонаи Солеҳро дар Санъо мунфаҷир карданд ва таҳти зарбаҳои ҳавопаймоҳои Саудӣ қарор гирифтанд. Сокинон мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоӣ ду рӯз боз ҷараён доранд. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters таркиши Хонаи Солеҳро Ҳусиҳо анҷом доданд.

Раиси ҷуҳмури муваққати Яман - Абд-Раббу Мансур талош дорад эътидоли сиёсӣ дар ин кишварро, ки се соли ахир дар он ҷангиёни Ал-Қоида ва ҷудоиталабон фаъол шуданд, таъмин кунад.

Шӯришгарони Ҳусӣ аз охири моҳи ноябр ба ин тараф бо тарафдорони президенти пешин вориди даргирӣ шудаанд. Дар ҷараёни ҷангҳои кӯчагӣ садҳо нафар кушта шуд. Рӯзи 3 декабр тарафдорони Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бахши умдаи Санъоро таҳти назорат гирифтанд. Худи Солеҳ баъди бардошта шудани маҳдудиятҳо аз тарафи эътилофи давлатҳои Ховари Миёна, барои музокирот бо кишварҳои ҳамсоя изҳори омодагӣ кард. Эътилофи таҳти назорати Саудӣ аз муқовимати Солеҳ алайҳи Ҳусиҳо пуштибонӣ кард.

Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх мегӯяд, ки тайи шаш рӯзи даргирӣ дар Санъо дастикам 125 нафар кушта ва 238 нафари дигар захм бардошт.

XS
SM
MD
LG