Пайвандҳои дастрасӣ

Фарзонаро баъди 10 моҳи нопадидшавӣ дар Маскав ёфтанд


Фарзона (Мадина) Гиёева, духтари панҷсолаи тоҷик, баъди даҳ моҳи нопадидшавӣ дар шаҳри Хасаврюти Доғистон аз шаҳри Балашихаи вилояти Маскав ёфт шудааст. Мақомоти умури дохилии Доғистон рӯзи 2-юми декабр дар як изҳороти видеоӣ гуфтанд, ки Мадинаро охири моҳи ноябри имсол сиҳату саломат ёфта, ба дасти волидонаш супурданд. Дар ин видео лаҳзаи ба оғӯшгирии духтари панҷсолаи тоҷику волидонаш низ тасвир ёфтааст.

Руслан Иброҳимҳоҷиев, масъули бахши иттилооти Идораи умури дохилии Доғистон, рӯзи шанбе дар як эъломияи расмӣ гуфт, бо иттиҳоми кӯдакдуздӣ ду зан боздошт шудаанд. Дар навори бозпурсӣ яке аз занон, ки сокини Хасаврют будааст, гуфт, ин корро бо ёрии як зани ҳамдеҳааш анҷом дод. Ӯ гуфт, ҷойи зисти хонаводаи тоҷикро медонистанд ва ҳангоми дуртар рафтани модари Фарзона кӯшиш кардаанд, ӯро бигиранд.

Зани дувум низ дар навори бозпурсӣ гуфт, ки ба Фарзона 50 рубл додааст, то ӯро ба худ ром кунад. “Гуфтам, ки гурусна ҳастӣ? Гуфт, бале. Барояш об харидам. Ӯ ҳам аз паси ман омад. Вақте гуфтам, ки ҳамроҳи мо рафтан мехоҳӣ, розӣ шуд ва мо ҳам ӯро бурдем”, - нақл кард ӯ.

Хонаводаи Фарзона (Мадина) Гиёева дар Доғистон зиндагӣ мекунанд ва ӯ рӯзи 27-уми январи имсол нопадид шуд. Хонаводааш моҳи феврал расман ба пулис муроҷиат карданд. Руслан Иброҳимҳоҷиев мегӯяд, дар ин муддат маъракаи густардаи ҷустуҷӯи Фарзона ба роҳ монда шуд. Аз ҷумла, мақомоти пулис акси Мадинаро дар варақҳо чоп ва дар ҳар ҷо насб карданд.

«Нопадид шудани ин духтар вокунишҳоеро дар ҷомеаи Доғистон ба бор овард. Ин хабар дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар натиҷа, охири моҳи ноябр кормандони мо хабар ёфтанд, ки Фарзона дар шаҳри Балашихаи вилояти Маскав аст. Нишонии зане, ки аз ӯ «Рита» ном мебаранд, маълум карда шуд. Ҷое, ки ӯ Фарзонаро нигоҳ медошт», - гуфт Иброҳимҳоҷиев дар изҳороташ.

Мақомоти умури дохилии Доғистон мегӯянд, ҳамин тавр, Фарзонаро дар манзили зане бо номи «Рита» пайдо карда, баъдан ба дасти волидонаш супурданд. Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир тафтиши қазия идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG