Сооронбой Ҷеенбеков, президенти нави Қирғизистон, сафари нахустини хориҷиашро ба Русия анҷом медиҳад. Сафари президенти нав ба Маскав рӯзи 29 ноябр ва бо даъвати ҷониби Русия сурат мегирад.
Вай дар ин сафар бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва сарвазири Русия Дмитрий Медведев мулоқот хоҳад кард.
Ойзода Субакоҷоева, мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, Ҷеенбеков 30 ноябр бо сафари корӣ ба шаҳри Мински Белорус меравад ва дар ҷаласаи сарони давлатҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ширкат мекунад.
"Дар доираи саммит ҳамкориҳои 15-сола таҳлил мешаванд, инчунин масоили марбут ба терроризм ва тундгароӣ баррасӣ ва ҳамзамон эъломия имзо мешавад", - гуфт Субакоҷоева.
Ба гуфтаи вай, мулоқоти дуҷонибаи президентҳои Қирғизистону Қазоқистон дар доираи СПАД дар назар нест.