Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндагони Башор Асад ба гуфтугӯи Женева рафтанӣ нестанд


Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия

Ҳайати ҳукумати Сурия гуфтааст, ки барои гуфтугӯ бо намояндагони мухолифони ин кишвар ба шаҳри Женева нахоҳад рафт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 27-уми ноябр бо истинод ба нашрияи ҳукуматии "ал-Ватан"-и Сурия иттилоъ дод.

Ба иттилои "ал-Ватан", ин тасмим баъди изҳороти муштараки намояндагони мухолифони Сурия гирифта шуд, ки гуфтанд, президент Башор Асад бояд то оғози давраи гузариш истеъфо диҳад.

Фиристодаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар Сурия Стаффан де Мистура тасмими ҳайати ҳукумати Сурияро шарҳ надод. Дар дафтари де Мистура гуфтанд, даври навбатии гуфтугӯи намояндагони мухолифон ва ҳукумати Сурия тибқи нақша рӯзи 28-уми ноябр баргузор хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG