Фаьолони исломии Покистон мегӯянд, ки ба думболи созиш бо ҳукумат, барои истеъфои вазири адлияи Покистон, ба эътирози якҳафтагии худ, ки даргириҳои хунинро ба миён оварда буд, поён хоҳанд дод. "Талаби асосии мо қабул шуд", - гуфт Эҷоз Осифӣ сухангӯи гурӯҳи "Таҳрики Лабайк ё Расули Оллоҳ" рӯзи 27 ноябр ба хабаргузории Reuters.
Раҳбари гурӯҳи “Тариқати Лабайк ё Расули Оллоҳ” Қадим Ҳусайн Ризвӣ гуфт:
"Раҳбари муҳтарами Ситоди Артиш Қамар Ҷовид Баҷва намояндаи вежаи худро ба назди мо фиристод. Мо гуфтем, бо ҳукмат, ки қотили одамони мо аст, гуфтугӯ намекунем. Онҳо бе ягон асос боиси шаҳодати теъдоде аз шарикони мо шуданд. Шароит дар кишвар ба шиддат хароб мешуд, барои ҳамин генерал ба масъала таваҷҷӯҳ зоҳир карда одамони худро ба назди мо фиристод ва гуфт, ки кафили созиш бо ҳукумати Покистон мешавад ва талаби моро иҷро мекунад. Мо ҳам гуфтем, хеле худ, ин ҳамон чизест, ки мо мехоҳем".
Эътирозҳо бо талаби истеъфои вазири адлияи Покистон Зоҳид Ҳамид рӯзҳои ахир хушунатбор шуд. Исломиҳо роҳи даромад ба Исломободро масдуд ва задухурдҳоеро ташкил карданд, ки шаш нафарро кушта бар ҷой гузошт ва 200 нафари дигарро маҷрӯҳ кард.
Онҳо иддао карданд, ки Зоҳид Ҳамид масъули ба гуфтаи онҳо тарҳи қонуни куфромез барои ворид кардани дигаргунӣ ба Қонуни интихобот аст, ки исми пайғамбар Муҳаммадро зикр накард. Ҳамид маъзрат хост ва зикр нашудани исми пайғамбарро иштибоҳи катбӣ номид. Шабакаи телевизиони давлатӣ рӯзи 27 нобяр хабар дод, ки Зоҳид Ҳамид аз нахуствазир Шоҳид Ҳоқон Аббосӣ талаб истеъфо кардааст, ҳарчанд дар ин замина ягон изҳороти расмӣ пахш нашуда буд.
Зуровариҳои рӯзҳои ахир ҳукуматро маҷбур кард, ки барои ҳифзи тартибот рӯзи 25 ноябр дар Исломобод нерӯҳои низомиро мустақар кунад.