Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ҷумҳури Русия қонуни “агентҳои хориҷӣ”-ро имзо гузошт


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия

Владимир Путин – раиси ҷумҳури Русия – рӯзи 25-уми ноябр тарҳи қонунеро, ки матбуоти хориҷиро ба “агентҳои хориҷӣ” баробар медонад, имзо кард. Ин қонун ба мақомоти Русия иҷоза хоҳад дод, алайҳи расонаҳое, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешаванд, таҳрим ҷорӣ кунад.

Қаблан ин тарҳи қонунро Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсиюни Русия тасвиб карданд. Маскав қабули қонунро посух ба Амрико унвон кард, ки шабакаи телевизионии таҳти назорати Кремлинро ҳамчун “агенти хориҷӣ” сабт кардааст.

Том Кент, президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, рӯзи шанбе гуфт, ки дар ҳоли ҳозир таъсири иҷрои қонуни навро арзёбӣ кардан ғайриимкон аст. Зеро, ба қавли ӯ, ҳеч созмони хабарӣ ба таври хос ба унвони “агенти хориҷӣ” шинохта нашуда ва маҳдудияҳое, ки ба ингуна “агентҳо” ҷорӣ хоҳад шуд, эълон нагардидааст.

“Мо ба кори хабарнигории худ идома дода, мухотабони русзабонамонро бо иттилооти дақиқ ва бетарафона таъмин хоҳем кард”, - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG