Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Остона вазифадор шуд, ба ширкати туркӣ $22,7 миллион пардохт кунад


Додгоҳи ҳакамӣ даъвои ширкати туркии Aktau Petrol Ticaret A.S-ро зидди Қазоқистон дар мавриди пардохти 22,7 миллион доллар ҳамчун ҷуброни зарар қонеъ кард. Дар ин бора Вазорати адлияи Қазоқистон иттилоъ додааст.

Ин ҳукм 13 ноябр содир гашта, мурофиаҳои асосии баҳс баҳори соли равон дар шаҳри Париж баргузор шудаанд.

Ширкатҳои туркии Aktau Petrol Ticaret A.S. ва Som Petrol A.S. соли 2015 ба Маркази байналмилалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ (ICSID) зидди Қазоқистон шикоят бурданд. "Ин ширкатҳои туркӣ ба воситаи бахши худ дар Қазоқистон хидматрасонии ҳамлу нақли маҳсулоти нафтиро дар бандари Актау пешниҳод мекарданд. Ширкатҳо аз марказ хостанд, ҷониби Қазоқистон хисоротеро пардохт кунад, ки дар пайи амалкардҳои мақомоти давлатӣ ва додгоҳии ин кишвар дидаанд", - афзуд вазорати адлияи Қазоқистон.

Баҳси ҳакамӣ дар пайи шикояти ширкатҳои хусусии Қазоқистон зидди Aktau Petrol сар зад. Маблағи даъво 150 миллион долларро ташкил медод.

"Дар марҳалаи пешакӣ тавонистанд, ин маблағро то ба 80 миллион доллар поин баранд. Дар натиҷа ширкати Som Petrol A.S. аз даъвои худ зидди Ҷумҳурии Қазоқистон даст кашид", - омадааст дар иттилоияи вазорати адлияи Қазоқистон.

Додгоҳ далелҳои Aktau Petrol Ticaret A.S.-ро дар бораи "фасодзада будани мақомоти додгоҳии Қазоқистон" рад карда, ҳамчунин қарор кард, ба ширкат барои ҳалли комёби умур мукофотпулӣ пардохт нашавад, чун "далелҳои лозимиро пешниҳод накардааст".

XS
SM
MD
LG