Пайвандҳои дастрасӣ

Русия Хуршед Одинаевро ба Тоҷикистон истирдод мекунад


Додгоҳи олии Русия рӯзи 22-уми ноябр қарор кард, Хуршед Одинаев, шаҳрванди Тоҷикистон, ки таҳти пайгарди ин кишвар қарор дошт, ба ватан истирдод шавад.

Дар ин бора Роза Магомедова, вакили дифои ӯ, ба сомонаи ҳомиёни ҳуқуқи «Медиазона» хабар додааст.

Ба гуфтаи Магомедова, шаби 27 октябр афроди ношиносе даҳону чашмони Одинаевро баста, ӯро аз Боздоштгоҳи 3-и шаҳри Белгород дар бағочи мошин ба самти номаълум бурдаанд. Пас аз чанде дар канори роҳе дар ҳудуди Харков ӯро раҳо карданд.

Одинаев рӯзи 4-уми ноябр дар ҳудуди вилояти Брянский боздошт шуд.

Рӯзе баъд, додгоҳ ӯро ду ҳазор рубл ҷарима ва қарори хориҷ шудани ӯро содир кард. Хуршед Одинаев дар маркази муваққатии нигаҳдории шаҳрвандони хориҷӣ дар Брянск қарор дорад.

Хонум Магомедова афзуд, ки моҳи октябр Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар қарор содир карда буд, ки бар асоси он супурдани Одинаев ба Русия ё кишвари дигарро манъ мекунад.

Рӯзи 23-уми ноябр додгоҳи шаҳри Брянский бояд арзи вакилони дифои Одинаев дар бораи ихроҷи ӯ баррасӣ мекард, аммо ин ба таъхир афтод.

Соли 2016 Одинаев бо ҳадафи истирдод ба Боздоштгоҳи Белгород интиқол ёфт. Ин мард дар Тоҷикистон барои ширкат дар ҷангҳо дар ҳудуди кишварҳои хориҷӣ муттаҳам дониста мешавад. Дар Тоҷикистон ӯро бар асоси модаи 401-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне «Зархаридӣ» айбдор мекунанд.

Кумитаи «Мусоидати шаҳрвандӣ» таъкид мекунад, ки дар сурати истирдод Одинаевро дар Тоҷикистон шиканҷа таҳдид мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG