Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷустуҷӯи зани гумонбар ба дуздии кӯдакон дар Тоҷикистон


Эълони гумшавии Ганҷина ва ҷустуҷӯи зани гумонбар
Эълони гумшавии Ганҷина ва ҷустуҷӯи зани гумонбар

Мақомоти умури дохилии шаҳри Истаравшан ба ҷустуҷӯи зане шуруъ кардаанд, ки дар дуздии ноболиғон, аз ҷумла Ганҷина Қаюмоваи 9-сола гумонбар дониста мешавад. Мақомоти умури дохилӣ то ҳол шахсияти ин занро муайян накарда, дар ин кор аз сокинони кишвар ёрӣ хостаанд.

Як ҳамсуҳбати мо дар Идораи умури дохилии Истаравшан гуфт, ҷустуҷӯи ин зан дар тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҷараён дорад. Ба гуфтаи ӯ, “корҳои ҷустуҷӯӣ барои пайдо кардани Ганҷина Қаюмова нишон дод, ки ба эҳтимоли зиёд ин зан дар гум шуданаш даст дорад.”

“Ин зан, ки то ҳол ҳатто номаш барои тафтишот маълум нест, Ганҷинаро чандин рӯз дунболгирӣ кардааст. Ин ҳолат дар дурбинҳои назоратии беморхона, бозор ва болои пули шаҳри Истаравшан сабт шудааст. Тафтишот бовар дорад, ки бо пайдо шудани ин зан Ганҷина низ пайдо гардида, гиреҳи чанд ҷинояти ба ин монанд боз мешавад”, - афзуд манбаъ.

Мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳоле аз ҷустуҷӯи зани гумонбар дар дуздидани ноблиғон хабар медиҳанд, ки наздикони Ганҷина Қаюмова мегӯянд, бо гузашти қариб 3 моҳ аз нопадид шудани фарзандашон то ҳол аз ӯ дарак нест. Ҷустуҷӯи Ганҷина дар Узбакистон ва Қирғизистон низ натиҷа надодааст.

Солҳои ахир омори расмӣ дар бораи чӣ қадар нопадид шудани кӯдакон дар Тоҷикистон нашр намешавад. Аммо бар асоси иттилои соли 2013 дар кишвар 232 ноболиғ гум шуда, дар пайи ҷустуҷӯ 227 нафарашон пайдо шудаанд.

XS
SM
MD
LG