Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистону Кореяи Ҷанубӣ дар ҳаҷми $9 млрд шартнома бастанд


Дар рӯзи аввали сафари президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Кореяи Ҷанубӣ, миёни ин ду кишвар дар ҳаҷми 8,9 миллиард доллар созишномаву шартнома баста шуд.

Рӯзи 22 ноябр дар маҷмуъ миёни ин ду кишвар 75 ҳуҷҷат имзо шуд. Ба вижа, дар бахшҳои энержӣ ва кимиёву нафт дар ҳаҷми 2,95 миллиард, дар бахши бонку молия дар ҳаҷми 2,7 миллиард, дар бахши сохтмон ва рушди зерсохторӣ дар ҳаҷми 1,7 миллиард доллар шартнома баст шуд.

Ба ҷуз ин вазорати тиҷорати хориҷии Узбакистон, ширкати "ГМК Алмалик" ва Донишкадаи филизҳои камёфти Корея (KIRAM) дар бораи ҳамкорӣ дар бахши фаъолиятҳои илмиву техникӣ ва инноватсионӣ "харитаи роҳ" имзо карданд. Ҳамчунин дигар ниҳодҳои давлатии Корея барои ҳамкорӣ бо Узбакистон дар солҳои 2018-2019 созиш карданд.

Кореяи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Узбакистон ба ҳисоб меравад. Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон 461 корхона бо сармояи Корея фаъолият мекунад. Ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар моҳҳои янван-октябри соли 2017 1,3 маротиба афзуда, ба 1,1 миллиард доллар расид.

Сафари Шавкат Мирзиёев ба Кореяи Ҷанубӣ 25 ноябр ба охир мерасад.

XS
SM
MD
LG