Пайвандҳои дастрасӣ

Узбакистон бори аввал ҳаҷми захираи тилои худро эълон кард


Расонаҳо изҳороти муовини аввали раиси Бонки марказии Узбакистон Темур Эшматовро нашр карданд, ки дар он расман ҳаҷми захираи тилои ин кишвар эълон шудааст.

Ба гуфтаи Эшматов, ҳаҷми захира дар моҳи ноябри имсол ба 26 миллиард доллар расида, аз моҳи сентябр то ба ҳол 750 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Муовини аввали раиси Бонки марказии Узбакистон мегӯяд, ин маълумот бори нахуст расман эълн карда мешавад, чун пештар он махфӣ дониста мешуд. Ба ҷуз ин, аз моҳи январи соли 2018 тамоми ниҳодҳои давлатӣ, ин гуна маълумотеро, ки пештар махфӣ буданд, расонаӣ хоҳанд кард.

Нашри иттилоъ дар бораи ҳаҷми захираи тилои Узбакистон имкон медиҳад, сарватмандтарин кишвари Осиёи Марказиро муайян кард. Дар ҳоли ҳозир, аз нигоҳи ҳаҷми захираи тило Қазоқистон дар мақоми аввал, Узбакистон дар мақоми дувум ва Тоҷикистон аз ҳама поин қарор дорад.

Захираи тило дороие ҳаст, ки онро бонкҳои марказии кишварҳо назорат мекунанд. Ин захира аз асъори хориҷӣ, коғазҳои қимматнок ва тило иборат буда, барои иҷрои масъулиятҳои хориҷӣ ва ба эътидол даровардани қурби асъор зарур аст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG