Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта муҳлати БДА ба ронандаҳои тоҷик. ВИДЕО


Идораи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон ба ронандагон як ҳафтаи дигар муҳлат дод, ки шаҳодатномаҳои худро иваз карда, рақами мошинҳояшонро ба меъёрҳои нав мувофиқ намоянд. Дар акси ҳол ронандагон боздошт ва ҷарима хоҳанд шуд. Ивази шаҳодатномаи ронандагӣ ва рақами мошин барои ҳар ронанда ба қимати тақрибан 800 сомонӣ тамом мешавад.

Мақомоти БДА рӯзи 22-юми ноябр дар эъломияе гуфтанд, шаҳодатномаи ронандагие, ки акси соҳиби он дар давоми 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста мешавад. Ба иттилои манбаъ, дар сурати беэътиноӣ ба ин қарор ронандаҳо боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

Тоҷикистон соли 2014 додани парвонаҳои ронандагии биометриро шуруъ кард ва он вақт мақомот гуфта буданд, ки асноди кӯҳна то анҷоми муҳлати адои он мавриди истифода хоҳад буд. Шаҳодатномаҳои кӯҳнаи ронандагӣ барои даҳ сол дода мешуд. Мақомоти БДА қаблан дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, акнун ронандаҳо набояд то анҷоми муҳлати шаҳодатномаҳои куҳна, яъне даҳ сол, интизор бимонанд, вагарна мошинашон ба ҳабс гирифта мешавад.

Навор аз бойгонист:

"Зарбулаҷал"-и БДА ба соҳибони ҳуҷҷати ронандагӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:14 0:00

Дар Бозрасии давлатии автомобилӣ ба Радиои Озодӣ нагуфтанд, ки то кунун чӣ қадар аз ронандаҳо соҳиби шаҳодатномаи биометрӣ шуда, чӣ қадари онҳо ба табдили парвонаи коғазиашон ниёз доранд. ​

Аммо як ронанда дар пойтахти кишвар, ки ба таксиронӣ машғул аст, гуфт, ҳанӯз то анҷоми муҳлати шаҳодатномаи кӯҳнааш чаҳор соли дигар мондааст ва ҳоло заруратеро барои ивазаш намебинад. Ӯ мегӯяд, “гузашта аз ин, дар ин шабу рӯз пул ёфтан кори осон нест. Ба фикрам, агар чанд моҳ ё як сол вақт медоданд, ҳама барои табдили шаҳодатномаи куҳнааш фурсат ва маблағ меёфт.”

Мақомот мегӯянд, роҳандозии шаҳодатномаи биометрӣ бар асоси талаботи конвенсияи соли 1968-и Вена “Дар бораи ҳаракат дар роҳ”, ки Тоҷикистон низ узви он аст, сурат гирифтааст. Ва ҳадафи он фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар кишварҳои шомили ин Конвенсия будааст.

XS
SM
MD
LG