Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров: Тоҷикистон узвият дар Иттиҳоди Авроосиёро баррасӣ мекунад


Cергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, айни замон «имкони ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё дар баррасӣ аст».

Сергей Лавров рӯзи 20-уми ноябр қабл аз сафараш ба Арманистон дар донишгоҳи ADA-и шаҳри Боку гуфтааст, «Русия аз пайваст шудани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё истиқбол мекунад, чун иттиҳод як созмони боз аст ва ҳамеша ҷонибдори пайваст шудани кишварҳои нав ба узвияти он мебошад».

Дар идомаи суханронӣ дар ин донишгоҳ Сергей Лавров гуфтааст, айни замон пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон дар баррасӣ аст.

Тоҷикистон то ба ҳол ба ташвиқҳои Русия барои пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё бо ибораи кӯтоҳи «меомӯзем» ва «суду зиёнашро месанҷем» посух додааст.

Бори охир Ҷамшед Каримзода, муовини раиси Хадамоти гумурк дар аввали соли равон гуфта буд, ки Тоҷикистон айни замон таҷрибаи Арманистон ва Қирғизистонро, ки ба ин созмон пайвастанд омӯхта истодааст.

Аммо дар ҳамин ҳол бархе дигар аз коршиносон мегӯянд, ки узвияти Тоҷикистон дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба беҳбуди вазъи ҳуқуқӣ ва будубоши садҳо ҳазор муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва Қазоқистон мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин коршиносон, эҳтимол муҳоҷирони тоҷик ба мисли шаҳрвандони қирғиз муддати будубошашон аз 3 моҳи феълӣ ду баробар бештар шуда ва барои онҳо низоми дарёфти шаҳрвандии Русия низ содда шавад.

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар заминаи Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодӣ аз ҷониби Русия, Белорус ва Қазоқистон таъсис ёфта ва аз 1 январи соли гузашта ба фаъолият шурӯъ кард. Баъдан Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳод пайвастанд. Таҳлилгарон Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро шабеҳи Иттиҳоди Аврупо хондаанд, ки дар он Русия нақши калидиро мебозад ва ҳадафҳои марбут ба таҳкими доираи нуфузи Русия дар кишварҳои пасошӯравӣ бароварда мешавад.

Дар оинномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадафи ин ниҳод таъмини гардиши озоди молу хизматрасонӣ, сармоя ё маблағ ва нерӯи корӣ дар ҳудуди кишварҳои узви иттиҳод ва сиёсати ягона ва ҳамоҳангшуда дар бахши иқтисод унвон шудааст

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG