Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба Раҳматилло Зоиров дар Душанбе. ВИДЕО, АКС


Раҳматилло Зоиров. Рӯзи 14-уми ноябри соли 2017. Шаҳри Душанбе
Раҳматилло Зоиров. Рӯзи 14-уми ноябри соли 2017. Шаҳри Душанбе

Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – гуфт, ки мавриди ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифтааст. Зоиров рӯзи 14-уми ноябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла шаби нуҳуми ноябр, ҳангоме сагашро ба берун бароварда буд, дар болои пул ё купрӯки маҳаллаи 103-юми пойтахт иттифоқ афтодааст.

Сиёсатмадор ин ҳамларо тарҳрезишуда донист ва гуфт, дар пайи он дасти рост, китф ва тахтапушташ осеб дид. Раҳматилло Зоиров рӯзи 28-уми октябри имсол аз Қазоқистон ба Душанбе баргашт.

Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:

Зоиров: "Ин чӣ гап? Ба ҳизб ва раисаш 11 бор ҳуҷум карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:56 0:00

  • Дар ҳамин вақт, марди шарики онҳо, аз пушт омада, бо оҳан ба сарам заданӣ буд, ки бо дасти рост ҳимоя кардам. Зарба ба панҷаи дастам расид ва даст аз кор монд

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар бораи латту кӯб ва таҳқир диданаш ба мақомоти интизомӣ муроҷиат кард ва як намояндаи мақомот бо ӯ дар ин бора суҳбат дошт. Раҳматилло Зоиров хостори расидагӣ ба ин қазия шуда, аз мақомот хостааст, дақиқ намоянд, ки ин афрод кӣ буданд ва ҳадаф аз ҳамла чӣ буд? Вале гуфт, “то ҳол шахсияти ҳамлаварон ошкор нашудааст.”

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар мавриди ҳамла ба Раҳматилло Зоиров ҳарфе нагуфтаанд. Ҳарчанд ҳамла тақрибан панҷ рӯзи пеш сурат гирифтааст, ин хабар субҳи 14-уми ноябр аввал тавассути афроди наздик ба Раҳматилло Зоиров ба дасти расонаҳо расид. Баъдан Зоиров гуфта буд, ки имкони посух додан ба хабарнигоронро надорад ва тафсилоти ҳамларо дертар ироа хоҳад кард.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ Раҳматилло Зоировро баъд аз зуҳри 14-уми ноябр дар манзилаш дар шаҳри Душанбе пайдо карданд. Ӯ гуфт, ҳамла ба ӯ замоне сурат гирифт, ки сагашро ба берун баровада буд.

“Дар аввал зани тахминан 35-40-сола бе ягон сабаб “садқаи мусалмонӣ шав, бенамозу ноинсоф” гуфта, маро таҳқир кард. Сипас, ҷавони тақрибан 28-30-сола низ пайдо шуда, “ту Зойирови ватанфурӯш, хоини миллат, боз ба ҷумҳурӣ баргашта, кори сиёҳи худро давом медиҳӣ” гуфт. Дар ҳамин вақт, марди шарики онҳо, аз пушт омада, бо оҳан ба сарам заданӣ буд, ки бо дасти рост ҳимоя кардам. Зарба ба панҷаи дастам расид ва даст аз кор монд”, - нақл кард Зоиров.

Раиси ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, ин кор тарҳрезишуда буд ва бояд мақомот омилонашро пайдо кунанд. Раҳматилло Зоиров гуфт, "инҷо версияҳо зиёд аст. Барои инки ҳамлаварон супоришӣ буданд ва махсус омода шудаанд. Онҳо ному насаби маро гирифтанд, узбак ва хоини миллат ва монанди ин гапҳоро гуфтанд. Одамони ношинос ё нотайёр инхел гапҳоро гуфта наметавонанд. Ман онҳоро бинам, мешиносам. Ин ҳамла тарҳрезишада буд."

Дар гузашта як гурӯҳе аз занон ба коргоҳ ё идораи ҳизби Раҳматилло Зоиров рафта, ӯро барои гӯё ташкили беназмӣ дар кишвар муттаҳам карда буданд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст. Тақрибан ду соли пеш ин ҳизб ягона ҳизби мухолиф дар кишвар дониста мешуд, ки гоҳе дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ мавзеъгирии интиқодӣ мекард. Аммо ахиран Алим Шерзамонов, раиси бахши ин ҳизб дар вилояти Бадахшон гуфт, ҳизб ба таври зарурӣ корашро пеш бурда наметавонад ва беҳтар аст, ки мувақатан баста шавад.

Раҳматилло Зоиров аз соли 1998, замони таъсиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, то кунун раёсати ин ҳизбро бар ӯҳда дорад. Вай баъд аз хатми мактаб дар солҳои 1977-79 дар Олмон дар ҳайати артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Фориғуттаҳсили факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Харкови Украина буда, дар онҷо ду сол ба сифати омӯзгор фаъолият доштааст.

Аз соли 1986 то 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти омӯзгориро идома дода, аз соли 1989 ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуд. Дар соли 1992 тарҳи алтернативии Қонуни асосии Тоҷикистонро таҳия ва пешниҳод карда буд. Вай аз соли 2001 то соли 2003 ба ҳайси мушовири аршади раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ кор кардааст.

XS
SM
MD
LG