Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умед Давлатзода: "Баъди истироҳат аз пайи кори нав мешавам"


Умед Давлатзода, муовини пешини вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, баъди барканориаш аз ин вазифа тасмим гирифтааст, муддате "истироҳат кунад ва сипас аз пайи кори нав шавад". Вай ин нуктаро рӯзи 14-уми ноябр дар як тамоси хаттӣ ба Радиои Озодӣ изҳор дошт.

Умед Давлатзода рӯзи 13-уми ноябр аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи ӯ дар ин мақом Тоҷиддин Ҷӯразода таъйин шуд, ки то имрӯз муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди президенти Тоҷикистон буд.

Давлатзода давоми 8 соли ахир дар мақоми муовини вазири иқтисод кор мекард ва аз камтарин мансабдорони баландмақоми тоҷик буд, ки бо расонаҳо роҷеъ ба масоили иқтисодии кишвар суҳбат мекард.

XS
SM
MD
LG