Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия гуфт, барои Гулен пул ваъда накардаанд


Фатҳулло Гулен дар Амрико зиндагӣ мекунад.
Фатҳулло Гулен дар Амрико зиндагӣ мекунад.

Мақомоти Туркия иддаоҳо дар бораи талоши боздошт ва ба Анкара супурдани Фатҳулло Гулен, як рӯҳонии мӯътабарро рад карданд. Сафорати Туркия дар Вашингтон рӯзи 12-ми ноябр гуфт, гузоришҳо дар бораи он ки Туркия хостааст, барои боздошту истирдоди Фатҳулло Гулен миллионҳо доллар бипардозад, “масхараомез ва беасос” аст. Сафорат талаби истирдоди Гулен ба Туркияро такрор кард, вале гуфт, кишвараш барои расидан ба ин ҳадаф ғайриқонунӣ амал нахоҳад кард.

Пештар аз ин расонаҳои Амрико гузориш доданд, ки Роберт Мюллер додситони вижаи Амрико, тарҳи эҳтимолиеро таҳқиқ мекунад, ки бар асоси он гӯё Майкл Флинн, мушовири собиқи умури хориҷии Амрико ва писараш дар сурати боздошту истирдоди Фатҳулло Гулен аз Туркия 15 миллион доллар подош мегирифтаанд.

Вакили дифои Майкл Флинн ин иддаоро “ошуфтакунанда” номид. Ҳукумати Туркия Фатҳулло Гуленро, ки дар Амрико ҳаққи паноҳандагӣ дорад, ба барангехтани талоши табаддулоти зиддидавлатии соли 2016 муттаҳам мекунад. Майкл Флинн баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп 24 рӯз мушовири умури сиёсати хориҷӣ дар ҳукумати ӯ буд. Баъди онки иртиботи пинҳониаш бо Сергей Кисляк, сафири Амрико дар Русия ошкор шуд, аз мақомаш истеъфо дод.

XS
SM
MD
LG