Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳқиқи “нақша”-и таслими Гулен ба Туркия дар ивази 15 млн доллар


Фатҳуллоҳ Гулен

Роберт Мюллер, додситони махсуси Амрико, иддао дар бораи нақша ё қасди таслими Фатҳуллоҳ Гулен ба мақомоти Туркияро таҳқиқ мекунад. Бар асоси ин иддао, гӯё Майкл Флинн, мушовири пешини амнияти миллии Кохи Сафед тавофуқ кардааст, ки рӯҳонии турки муқими Амрикоро дар ивази тақрибан 15 миллион доллар ба Анкара хоҳад дод.

Нашрияи The Wall Street Journal рӯзи 10-уми ноябр гузориш дод, ки Флинн ва писараш бо намояндаҳои Туркия дар мавриди роҳҳои таслими Гулен ба он кишвар суҳбат карда буданд. Иддао мешавад, ки гӯё Майкл Флинн моҳи декабри соли гузашта, замоне ки узви тими интиқолии президент Доналд Трамп буд, дар ин маврид дар Ню-Йорк баҳс кардааст.

Пас аз онки Трамп дар моҳи январи имсол корро ба унвони раиси ҷумҳури Амрико оғоз кард, Майкл Флинн барои 22 рӯз ба ҳайси мушовири амнияти миллии Қасри Сафед адои вазифа намуд. Ӯ баъдан ба хотири ироаи маълумоти нодуруст ба мақомоти Кохи Сафед дар робита ба тамосҳояш бо Сергей Кисляков, сафири пешини Русия дар Вашингтон ба истеъфо рафт.

Анкара Фатҳуллоҳ Гуленро барои даст доштан дар талоши кудето ё табаддулоти тобистони соли 2016 алайҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия айбдор мекунад. Пас аз шикасти табаддулот, ҳукумати Туркия ҳазорон нафар аз кормандони нирӯҳои мусаллаҳ, додгоҳу донишгоҳҳо ва мактабҳои ин кишварро бо иттиҳоми тарафдорӣ аз Фатҳуллоҳ Гулен боздошт ва ё аз кор барканор кардааст.

Аммо Фатҳуллоҳ Гулен борҳо даст доштанаш дар талоши кудето дар Туркияро рад намудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG