Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони умури хориҷии Осиёи Марказӣ санади нав имзо карданд


Вазирони умури хориҷии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2018-2019-ро имзо карданд. Ҷузъиёти комили санад дастрас нест. Аммо мақомоти Вазорати умури хориҷии Қазоқистон гуфтаанд, барномаи нави ҳамкорӣ рӯзи 10-уми ноябр дар ҷараёни нишасти “Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Самарқанди Узбакистон имзо шуд. Ба иттилои онҳо, дар ин санад ба талошҳои муштарак барои тақвияти амният, ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт ва ҷаҳонгардиву иртиботи фарҳангӣ дар минтақа таъкид шудааст.

Нишасти Самарқанд музокироти 13-уми вазирони умури хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳодияи Аврупо буд. Мақомоти аврупоӣ гуфтанд, ки ин нишаст дар муқоиса ба мулоқоти дуҷониба имкониятҳои бештарро барои баррасиҳои бози масоили мавриди нигаронӣ ва ҳамкорӣ фароҳам меорад.

Нишасти ояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2018 дар Брюссел баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора дар баёнияи муштараки иштирокдорони нишасти Самарқанд таъкид шудааст.

Бино ба ин санад, "баъд аз даҳ соли қабули барномаи нахустини Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои минтақа панҷ кишвари Осиёи Марказӣ шарикони муҳими ин иттиҳодия шуда, ҳамкории онҳо наҳваи наве касб кардааст." Ширкатдорони ин нишаст аз иқдоми ахир барои ҳамгироии минтақавӣ истиқбол кардаанд. Ҳамзамон пойбандии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба арзишҳои Иттиҳодияи Аврупо барои рушди минтақа ва фаъолияти намояндаи вижаи ин иттиҳодия таъкид шудааст.

Ширкаткунандаҳои нишаст масоили минтақавӣ ва байналмиллалиеро, ки ба амнияти ОМ ва Афғонистон марбут аст, баррасӣ карда, аз кумакҳои кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ва минтақа ба Кобул истиқбол кардаанд. Ҳамчунин, ширкаткунандаҳои нишасти Самарқанд ба тавсеаи ҳамкориҳои ИА бо кишварҳои ОМ таваҷҷӯҳ кардаанд.

Гуфта шудааст, ки минбаъд кишварҳои минтақаро зарур аст ба масоили тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, транзитӣ ва рушди иқтисоди хусусиву маориф таваҷҷуҳи бештар кунанд. Ҳамзамон кишварҳои минтақа аз кумакҳои молии ИА ба кишварҳои минтақа, ки ҳамасола маблағи то як миллиард евроро ташкил медиҳад, истиқбол намудаанд.

XS
SM
MD
LG