Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад


Интизор меравад дар ҳафтаи оянда раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба шимоли кишвар сафар кунад. Ба иттилои расонаҳои маҳаллии вилояти Суғд Эмомалӣ Раҳмон аз 15 то 18 ноябр аз манотиқи мухталифи ин вилоят дидан мекунад. Вале ҳадафи асосии ин сафари ҷаноби Раҳмон ба шимоли кишвар ширкат дар маросими расмии таҷлил аз 25-мин солгарди баргузории иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон будааст, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон раҳбари Тоҷикистон интихоб шуд.

Ба навиштаи ин расонаҳо, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳрҳҳои Хуҷанду Бӯстон ва бархе аз ноҳияҳои дигар бархе аз муассисаҳои иҷтимоиву иқтисодиро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Гуфта мешавад, ки ба манзури омодагӣ ба сафари қарибулвуқӯи ҷаноби Раҳмон ба шимоли кишвар, нахуствазири Тоҷикистон ва бархе аз мақомоти дигар аллакай аз вилояти Суғд дидан кардаанд.

XS
SM
MD
LG