Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Қазоқистон қонуни расонаҳоро таъғир дод. ВИДЕО


Порлумони Қазоқистон дар ҷаласаи рӯзи чаҳоршанбе, 8 ноябр ба бархе қонунҳои марбути иттилоот ва мухобирон тағйирот ворид кард. Тағйиротро дар порлумон вазири иттилоот ва иртибототи он кишвар Даврон Абаев муаррифӣ кард.

Вакилон пешниҳод карданд, ки муҳлати ниҳоии посухи мақомоти давлатӣ ба дархости расонаҳо кам карда шавад. Ба гуфаи вакилон, муқаррар кардани муҳлати 15-рӯза барои додани посух ба дархости расонаҳо аҳамияти хабарро гум мекунад.

Вазир дар посух гуфт, ки айни ҳол мақомоти давлатӣ дар муҳлати серӯзаи муқарраршуда фурсати кофӣ надоранд, ки ба дархостҳо посух диҳанд. "Ба ҳамин хотир мо таҷрибаи ҷаҳониро ба назар гирифта, 15 рӯз муқарар кардем, дар тамоми ҷаҳон муҳлат 20 рӯз ва баъзан то як моҳ аст. Ман фикр мекунам, ки ин ҷо ҳеч мушкиле мавҷуд нест. Мо дар гуруҳҳои корӣ ин масъаларо баррасӣ кардем", - гуфт Абай. Ба гуфтаи вай, посух ба муроҷиати шаҳрвандон низ 15 рӯзро дар бар мегирад.

Бо ин вуҷуд, вазир гуфт, омадааст муҳлати 15-рӯзаи посух ба дархости расонаҳоро бозбинӣ ва баррасӣ кунад.

Дар Қазоқистон қонуни матбуотро таҳрир мекунанд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:02:43 0:00

Видеоҳои охирин

Ҳушдори Кумитаи забон ба Obi Zulol, Маzza ва Zaraman
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:29 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG