Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари пешини Каталония ба пулиси Белгия таслим шуд


Раҳбари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон худро ба пулиси Белгия таслим кард. Дар ин бора телевизиони "VRT"-и Белгия бо истинод ба манбаи худ иттилоъ дод. Қарор аст, додситонии Белгия рӯзҳои наздик ҷузъиёти қазияро ба расонаҳо шарҳ диҳад.

Додгоҳи олии Испания ҳукми ҳабси раҳбари барканоршудаи Каталония ва чаҳор узви пешини девони вазирони ӯро содир кард. Зидди онҳо бо ҷурми балвогарӣ ва сӯистифодаи пулҳои буҷаи давлат парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Мадрид аз додситонии Белгия хост, сиёсатмадорони Каталонияро, ки дар ин кишвар қарор доранд, боздошт кунад.

Карлес Пучдемон рӯзи ҷумъа гуфта буд, ки омодааст номзадии худро дар интихоботи минтақавии Каталония пешбарӣ кунад, вале маъракаҳои интихоботияшро аз хориҷ пеш мебарад. Ӯ афзуд, ки "бо шарофати ҷаҳонишавӣ ҳоло маъракаҳои пешазинтихоботиро метавон аз ҳама ҷо пеш бурд". Ӯ изҳор дошт, ки "худ ва ҷонибдоронашро ҳукумати қонунии Каталония медонад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG