Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 нафар дар тирандозӣ дар калисои Тексас


Маҳалли ҳодиса.
Маҳалли ҳодиса.

Бино ба гузоришҳо, як марди мусаллаҳ бо тирандозӣ дар дохили калисое дар аёлати Тексаси Амрико дасти кам 20 нафарро куштааст.

Ҳодиса рӯзи 5-уми ноябр дар яке аз калисоҳои баптистҳо дар як маҳаллаи хурде дар 50 километрии шаҳри Сан -Антонио рух додааст.

Мақомот дар бораи теъдоди қурбониён чизе нагуфтаанд, вале телевизиони ABC аз қавли як мақоми интизомӣ гуфт, ки дар натиҷаи тирандозӣ 20 нафар кушта шудаанд ва 30 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

СВS гуфт, ки дар ин ҳодиса 27 нафар кушта шудаанд ва 25 тани дигар захм бардоштаанд.

CNN гузориш дод, ки фарди тирандоз кушта шудааст, сабаби амалкарди ӯ маълум нест.

XS
SM
MD
LG