Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози баррасии тарҳи будҷаи Тоҷикистон барои соли 2018


Вакилони Маҷлиси Намояндагон 2-юми ноябр баррасии тарҳи будҷаи Тоҷикистон барои соли 2018-ро оғоз карданд. Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон 2-юми ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳаҷми будҷа барои соли оянда 21 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст. "Аз имрӯз мулоқоти аъзои ҳар як комиссияи Маҷлиси намояндагон бо раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ, аз ҷумла, дастгоҳи раиси ҷумҳурӣ, вазоратҳои молия ва Хадамоти гумруку Кумитаи андоз шурӯъ шуд. Чунин ба назар мерасад, ки маблағи будҷа барои бароварда сохтани ҳамаи ҳадафҳои давлатӣ кифоят намекунад ва ба ин далел, миёни вакилон ва мақомот баҳсҳои тунде ҷараён доранд. Танҳо метавонам хабар диҳам, ки дар соли оянда афзоиши маоши кормандони будҷаӣ ва индексатсияи нархҳо пешбинӣ шудааст. Умедворам, ки дар пайи баҳсҳо вакилон ва мақомот ба тавофуқ хоҳанд расид", - гуфт Усмонзода.

XS
SM
MD
LG