Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон Узбакистонро ба бандарҳои Эрон мерасонад


Раисони ҷумҳури Афғонистон ва Узбакистон - Ашраф Ғанӣ ва Шавкат Мирзиёев

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ният дорад, дар ояндаи наздик барои имзои чанд тафоҳумномаи ҳамкорӣ ба Узбакистон сафар кунад. Дар ин бора расонаҳои ин кишвар рӯзи сешанбе гузориш доданд.

Яке аз мавзуъҳои асосӣ дар мулоқоти оянда, ҳамкорӣ дар бахши роҳи оҳан хоҳад буд. Ин хати роҳи оҳан аз Мазори Шариф ба вилояти Балх тавассути чаҳор вилояти дигари Афғонистон мегузарад. Қисме аз ин роҳ метавонад Узбакистонро фаро бигирад.

Talonews бо такя ба манбаъҳояш хабар медиҳад, ки Узбакистон ба амалишавии лоиҳаи мазкур ҳавасманд аст.

Абдул Борӣ Сиддиқӣ, муовини раиси роҳи оҳани Афғонистон мегӯяд, амалишавии лоиҳа ба Узбакистон имкон медиҳад, ки ба бандарҳои Эрон роҳ ёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG