Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбари пешини ситоди Трамп ба тавтеа алайҳи Амрико муттаҳам шуд


Пол Манафорт

Матбуоти Амрико менависад, ки алайҳи раҳбари ситоди интихоботии Доналд Трамп, Пол Манафорт ва шарики тиҷоратии ӯ Рик Гейтс айбномаи расмӣ эълон шуд. Манафорт рӯзи 30 октябр, ба думболи пахши хабарҳо оиди айбномаи расмӣ, ба Идораи федеролии тафтишот - ФБР ҳозир шуд. Ин ду нафар аз рӯи 12 банд ба содир кардани ҷинояти сангин, аз ҷумла тавтеа бар зидди Амрико, пулшӯӣ, ҳисоботҳои бардуруғи молӣ ва ҷурмҳои дигар муттаҳам мешаванд. Айбномаи онҳо дар сомонаи расмии Вазорати адлияи ИМА нашр шуд.

Иттиҳоми Манафорт ва Гейтс дар заминаи таҳқиқи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи Амрико дар соли 2016 ва созиши эҳтимолии ситоди Трамп бо Русия ҷараён мегирад, ки онро прокурори махсус Роберт Мюллер пеш мебарад.

Биноба маълумоти тафтишот, Манафорт ва Гейтс миллионҳо долларро пинҳон карданд. Гуфта мешавад, ки аз соли 2006 то 2015 Манафорт аз ҳизби "Партия регионов"- и президенти пешини Украина Виктор Янукович пул мегирифт. Тафтишот мегӯяд, ки ба хотири фирор аз молиёт, Манафорт аз чандин ширкати оффшорӣ истифода мекард ва тавассути ин ҳисобҳо 75 миллион доллар интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи муфаттишон, Манафорт беш аз 18 миллион долларро "шустушӯ" додааст. Гейтс беш аз 3 миллион долларро тавассути ширкатҳои оффшорӣ гузаронд.

Кохи сафед таҳаввулоти марбут ба эълони айби расмиро шарҳ надод. Аммо президент Доналд Трамп рӯзи 29 октябр бори дигар таҳқиқи ин қазияро танқид кард ва онро "шикори ҷодугарҳо" номид.

Пол Манафорт то моҳи августи соли 2016 ба ситоди интихоботии Трамп раҳбарӣ мекард. Аммо баъди дар матбуот пайдо шудани маълумоте, ки ӯ барои лоббигарӣ ба фоидаи сарватмандони маскавгарои украинӣ дар ИМА аз сохторҳои марбут ба Янукович наздик ба 13 миллион доллар гирифтааст, аз мақомаш сабукдӯш шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG