Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози ҷустӯҷуи ҳавопаймои нопадидшудаи Русия


Чархболи Ми-8

Як ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқуллодаи Русия барои пайдо кардани халабонҳо ва мусофирони чархболи суқуткардаи Ми-8 вориди Норвегия шуд. Ин чархбол рӯзи 26-уми ҷазираҳои Свалбарги Арктика нопадид шуд.

Ба гуфтаи мақомоти Норвегия, ҳавопаймои Ил 76, рӯзи 29-уми октябр бо 40 маъмурони наҷотбахш дар як фурудгоҳи он кишвар нишаст. Ба навиштаи хабаргузории ТАСС, дар байни онҳо 17 ғаввоси ботаҷриба аст, ки вазифаашон ҷустӯҷу дар умқи зиёд мебошад.

Маъмурони наҷоти рус дар шаҳри Лонгйербени Норвегия, бузургтарин шаҳр дар Свалбарг ҷойгир мешаванд. Чархболи русӣ рӯзи 26-уми октябр бо 8 сарнишиниш дар баҳр суқут кард. Дар он 5 панҷ халабон ва се донишманди марказҳои таҳқиқотии Русия дар Арктикаву Антрарктика будаанд.

Видеоҳои охирин

Баҳои баде, ки Тоҷикистонро ғамгин мекунад
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:53 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG