Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи иттиҳом дар робита ба интихоботи Амрико


Роберт Мюллер
Роберт Мюллер

Роберт Мюллер, додситони хоси Амрико ва раҳбари таҳқиқи дахолати Русия ба интихоботи Амрико аввалин иттиҳомоти расмиро эълон кардааст. Дар ин бора шоми ҷумъа телевизиони Си Эн Эн хабар дод. Эъломи иттиҳомотро ҳайати додрасҳо дар Вашингтон тасвиб кардааст ва ин қадами аввал дар оғози муҳокимаи парвандаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад.

Айни замон ҷузъиёти иттиҳомот маълум нест, ки ба кӣ эълон шудаанд ва чиро дар бар мегиранд. Ба гуфтаи Си Эн Эн эҳтимолан афроди гумонбарро рӯзи душанбе дастгир мекунанд. Роберт Мюллер таҳқиқеро раҳбарӣ мекунад, ки Хадамоти Таҳқиқоти Федеролии Амрико дар бораи даст доштани дахолати шаҳрвандони Русия дар ҷараёни интихоботи раиси ҷумҳури Амрико анҷом медиҳад.

Дар ин таҳқиқ аз ҷумла гузоришҳо дар бораи иртиботи афроди ситоди интихоботии Доналд Трамп бо намояндагони Русия тафтиш мешавад. Маълум аст, ки гурӯҳи тафтишотӣ фаъолияти Пол Манафорт, раиси собиқи ситоди интихоботии Доналд Трамп, Картер Пейҷ, мушовири ӯ ва дастёри собиқи раиси ҷумҳур дар умури амнияти миллӣ Майк Флинро меомузад. Доналд Трамп борҳо хостааст, ки таҳқиқ зуд анҷом ёбад ва гуфтааст, ки ҳеҷ яке аз атрофиёнаш бо намояндагони Русия иртибот надоштаанд.

XS
SM
MD
LG