Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари расмии Дмитрий Медведев ба Тошканд


Дмитрий Медведев ва Абдулло Орипов

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҳафтаи оянда дар доираи як сафари расмӣ вориди Узбаткистон мешавад.

Қарор аст, дар ҷараёни ин сафар Медведев дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил иштирок кунад ва мулоқотҳоеро бо раҳбарони Узбакистон анҷом диҳад. Рӯзи 2 ноябр гуфтугӯи ӯ бо нахуствазири Узбакистон Абдулло Орифов дар назар аст.

Интизор меравад, ки дар ҳошияи гуфтугӯи ҷонибҳо як қатор санадҳои байниидориву байниҳукуматӣ ба имзо бирасад.

Тибқи нақша, нахуствазири Русия бо президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев низ мулоқоти алоҳида анҷом медиҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG