Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон 14 паноҳҷӯи афғонро ба ватанашон депортатсия кард


Ихроҷи паноҳандагони афғон аз Олмон
Ихроҷи паноҳандагони афғон аз Олмон

14 паноҳҷӯи афғон, ки дархосташон рад шуда буд, дар пасманзари эътирозҳо аз депортатсия онҳо ба як кишвари бесубот, ба ватанашон интиқол ёфтанд.

Ҳавопаймои Чех бо ин паноҳандагон, ки ҳамагӣ мардҳо буданд, нимаи дуюми рӯзи 24 октябр аз фурӯдгоҳи Лейпсиги Олмон баланд шуд ва рӯзи 25 дар фурӯдгоҳи Кобул нишаст.

Ҳудуди 150 нафар ба нишони эътиироз алайҳи депортатсияи ин гурӯҳ дар фурӯдгоҳи Лейпсиг ҷамъ шуданд. 11 нафари ин гурӯҳ, ба гуфтаи Ангрет Крофф, сухангӯи Вазорати умури дохилии Олмон, ҷингояткор буданд ва дар ҷурмҳое мисли куштор аз беэҳтиётӣ, расонидани зарари ҷисмонӣ, дуздӣ, тақаллуб ва таҷовуз даст доштанд. Се нафари нахостанд ҳуввияташон ба мақомоти Олмон ошкор шавад.

Маркис Улбиг, вазири умури дохилии аёлати Саксонӣ гуфт, Берлин ба таври "балунду возеҳ" пайғом медиҳад, ки паноҳҷӯёни радшуда ҳақи зиндагӣ дар Олмонро надоранд.

Олмон бахши умдаи паноҳҷӯёни Сурияи ҷангзадаро пазируфтааст. Аммо ҳукумати Олмон бар ин бовар аст, ки паноҳҷӯёни афғон метавонад ба маконҳои амни кишвари худ баргарданд.

XS
SM
MD
LG