Пайвандҳои дастрасӣ

Президент Бонки Осиёии Рушдро шарики боэътимоди Тоҷикистон номид


Дар мулоқоти президенти Тоҷикистон бо раҳбари Бонки Осиёии Рушд Такехико Накао дар Душанбе рӯзи 26 октябр Эмомалӣ Раҳмон ин ниҳоди молиро "яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Тоҷикистон номид". Дар мулоқоте, ки дар Қасри миллат баргузор шуд, таъкид шуд, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми маблағгузории ин бонк ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон 1,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил додааст.

Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳукумат ва БОР дар доираи татбиқи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд. Президент изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғл тавсеа меёбад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG