Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақшаи ҷамъоварии "тиллои сафед" дар Тоҷикистон иҷро шудааст


Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, деҳқонони тоҷик дурнамои истеҳсоли пахтаро иҷро карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзӣ, то имрӯз деҳқонон зиёда аз 356 ҳазор тонна пахта ғундоштаанд, ки бештар аз нақшаи пешбинишуда мебошад.

Ба иттилои масъулини Вазорати кишоварзӣ, имрӯзҳо дар пахтазорҳои ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили пахта идома дорад. Дар Вазорати кишоварзӣ мегӯянд, деҳқонони тоҷик дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 119 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Пахта яке аз маҳсулотҳои стратегии Тоҷикистон буда, ба воситаи он ба кишвар асъори хориҷӣ ворид мегардад. Аммо деҳқонони пахтакор мегӯянд, онҳо гирифтори мушкилиҳои зиёд ҳастанд ва мақомот низ ба мушкили онҳо расидагӣ намекунанд.

XS
SM
MD
LG