Пайвандҳои дастрасӣ

Дар таркиши Киев як нафар кушта, се тан захмӣ шуданд


Иҳор Масийчук дар ин таркиш захмӣ шудааст.

Шоми 25-уми октябр бар асари таркиш дар шаҳри Киев --пойтахти Украина, як нафар кушта ва се тани дигар, аз ҷумла Иҳор Мосийчук, як вакили миллатгарои порлумони он кишвар, захмӣ шуданд. Вазорати умури дохили Украина дар "Фейсбук"-и худ хабар дод, ки таркиш замоне рух дод, ки Мосийчук ва чанд тани дигар аз бинои яке аз телевизионҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Соломянскийи шаҳри Киев, берун мешуданд. "Дар маҷмӯъ чаҳор нафар захмӣ шуданд",-гуфт мушовири ин вазоратхона Зорян Шкиряк.

"Мутаассифона, яке аз онҳо наҷот наёфт. Ӯ аз захмҳое, ки дарёфт, дар роҳ ба сӯи бемористон ҷон бохт. Ин мард тақрибан 30-сола буд ва шахсияти ӯ таҳқиқ мешавад",- гуфт дар идома мушовири вазорати умури дохилии Украина. Манбаъ афзуд, ки Мосийчук ва таҳлилгари умури сиёсӣ Виталий Бала, ки дар замони таркиш бо ӯ буд, дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Шкиряк гуфт, ки чунин маълум мешавад, ки таркиш дар як моторсикле, ки дар наздикиҳои шабакаи телевизионӣ гузошта шуда буд, рух додааст. Хадамоти матбуотии ин вакили порлумон дар Фейсбук гуфт, "Ин як талоши куштани Мосийчук буд." Хадамоти матбуоти Мосийчук ҳамзамон гуфтааст, ки ин вакили порлумон ба таври ҷиддӣ ҷароҳат набароштааст. Сухангӯи пулиси Киев Оксана Блушчук гуфт, мақомоти пулис соати 9:05 дақиқа аз рух додаи ҳодиса иттилоъ ёфтанд. Вай дар бораи ин ҳодиса фарзияе пешниҳод накард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG